Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 63

Сулаймон — подшоҳи хирадманд

Сулаймон — подшоҳи хирадманд

СУЛАЙМОН ҳанӯз дар ҷавонияш подшоҳ мешавад. Ӯ Яҳуваро дӯст медорад ва насиҳатҳоеро, ки падараш Довуд ба ӯ дода буд, иҷро мекунад. Яҳува аз Сулаймон розӣ аст. Аз ин рӯ, шабе дар хобаш зоҳир гардида, аз вай мепурсад: «Сулаймон, чӣ мехоҳӣ, ки ба ту бидиҳам?»

Ва Сулаймон чунин ҷавоб медиҳад: «Яҳува, Худои ман, ман ҷавонам ва намедонам, ки чӣ тавр ҳукмронӣ кунам. Ба ман дили хирадманд ато намо, то ки қавми туро ба дурустӣ ҳукмронӣ намоям».

Ин хоҳиши Сулаймон ба Яҳува писанд меояд, бинобар ин, Ӯ мегӯяд: «Азбаски ту хирад талабидӣ, на умри дарозу сарват, Ман ба ту хиради зиёде ато менамоям, он қадар хираде, ки ҳеҷ кас то ҳол надошт ва нахоҳад дошт. Аммо ба ту ҳамчунин он чизеро ки талаб накардӣ — сарват ва ҷалолро низ хоҳам дод».

Каме дертар, ду зан барои ҳалли мушкилие ба назди Сулаймон меоянд. «Ман бо ин зан дар як хона зиндагӣ мекунам,— мефаҳмонд яке,— ман писаре таваллуд кардам ва ӯ ҳам баъди ду рӯз писар ба дунё овард. Шабе, писари ӯ мурд. Ва ҳангоме ки ман хоб будам, ӯ писари мурдаашро пеши ман гузошта, писари маро ба бағали худ гирифтааст. Вақте ки бедор шуда, ба кӯдаки мурда нигаристам, фаҳмидам, ки вай писари таваллудкардаи ман нест».

Дар ин вақт зани дигар мегӯяд: «Не! Кӯдаки зинда аз они ман ва кӯдаки мурда аз они ӯст!». Зани якум ҷавоб дод: «Не, кӯдаки мурда аз они ту аст ва зинда аз они ман!». Ҳамин тавр баҳс мекарданд занҳо... Сулаймон чӣ кор хоҳад кард?

Ӯ шамшер мепурсад ва вақте ки онро меоранд, мегӯяд: «Кӯдаки зиндаро ду пора кунед ва нисфашро ба яке, нисфи дигарашро ба дуюмӣ бидиҳед».

«Не! — дод мезанад модари воқеӣ.— Хоҳиш мекунам, кӯдакро накушед, беҳтараш ӯро ба вай диҳед». Аммо зани дигар чунин мегӯяд: «Бигзор на аз они ман бошад ва на аз они ӯ,— пора кунед!».

Дар охир Сулаймон мегӯяд: «Кӯдакро накушед! Ӯро ба зани якум диҳед,— модари ҳақиқӣ вай аст». Сулаймон медонист, ки модари ҳақиқӣ фарзандашро чунон дӯст медорад, ки ба хотири накуштани кӯдак тайёр аст ӯро ба зани дигар диҳад. Вақте мардум мешунаванд, ки чӣ тавр Сулаймон ин мушкилиро ҳал кардааст, аз доштани чунин подшоҳи бохирад шод мешаванд.

Дар давраи ҳукмронии Сулаймон Худо мардумро бо ҳосили фаровони гандум, ҷав, ангур, анҷир ва меваҳои дигар баракат медод. Одамон либоси зебо мепӯшиданд ва дар хонаҳои хуб зиндагӣ мекарданд — дар мамлакат фаровонӣ буд.