ҲИКОЯИ 60
Абиҷайл ва Довуд
ОЁ МЕДОНӢ, ки ин зани зебое, ки ба истиқболи Довуд меояд, кист? Номи ӯ Абиҷайл аст. Ӯ зани оқилаест, ки Довудро аз анҷоми кори баде боздошт. Вале пеш аз он ки дар ин бора бифаҳмем, биё аввал бубинем, ки бо Довуд чӣ шуд.
Баъд аз он ки Довуд аз дасти Шоул мегурезад, ӯ дар ғоре пинҳон мешавад. Бародарон ва хешовандони дигараш ба ӯ мепайванданд. Ҳамагӣ қариб 400 мард ба назди Довуд меоянд ва ӯ сарвари онҳо мегардад. Баъд аз ин, Довуд ба назди подшоҳи Мӯоб рафта, аз вай хоҳиш мекунад: «Иҷозат деҳ падару модарам назди шумо бимонанд, то бубинам, ки бо ман чӣ хоҳад шуд». Пас аз ин, Довуд бо одамонаш дар теппаҳо пинҳон мешавад.
Ва инак, Довуд бо Абиҷайл во мехӯрад. Шавҳари вай Нобол заминдори сарватманд аст. Ӯ 3 000 гӯсфанд ва 1 000 буз дорад. Нобол марди бадкирдоре аст. Аммо занаш Абиҷайл соҳибҷамол ва ҳамчунин бохирад аст. Ҳатто, боре ӯ хонаводаашро наҷот медиҳад. Биё бубинем, ки чӣ тавр.
Довуд ва ҳамроҳонаш ба Нобол некӯкорона муносибат мекарданд. Онҳо барои муҳофизати рамаҳояш ёрӣ дода буданд. Аз ин рӯ, рӯзе Довуд чанде аз мардонашро фиристода аз ӯ хоҳише мекунад. Вақте ки фиристодагони Довуд назди Нобол меоянд, Нобол бо ёрдамчиҳояш пашми гӯсфандонро метарошиданд. Он рӯз рӯзи ид буд ва Нобол хӯрданиҳои хуби зиёде дошт. Одамони Довуд ба вай мегӯянд: «Мо ба ту хубӣ кардем. Ягон гӯсфанди туро надуздидаем, баръакс дар муҳофизат кардани рамаҳоят ёрӣ медодем. Акнун, аз ту хоҳиш мекунем; каме хӯрок ба мо бидеҳ».
«Ман хӯроки худамро ба шумо баринҳо намедиҳам» — мегӯяд Нобол. Ӯ дағалона ва таҳқиромез сухан мегуфт ва дар бораи Довуд гапҳои баде гуфт. Вақте ки мардони Довуд баргашта, дар ин бора ба ӯ нақл карданд, Довуд хеле хашмгин шуд. «Шамшерҳои худро бандед!» — хитоб кард ӯ ба навкарони худ. Ва онҳо барои куштани Нобол ва навкарони вай раҳсипор шуданд.
Яке аз навкарони Нобол, ки гуфтаҳои хоҷаашро шунида буд, ба Абиҷайл воқеаи рӯйдодаро нақл мекунад. Абиҷайл ҳамон замон хӯрок ҷамъ карда, ба харҳо бор мекунад ва ба роҳ мебарояд. Вақте ки бо Довуд рӯ ба рӯ мешавад, аз болои хар фаромада, ба ӯ таъзим мекунад ва мегӯяд: «Бигзор оғоям ба шавҳари ман Нобол аҳамият надиҳад, зеро ӯ нобакор аст ва корҳои аҳмақона мекунад. Ана ин инъомҳо барои туст. Лутфан, онҳоро қабул кун ва моро дар бобати он чизе ки рӯй дод, бубахш».
«Ту зани бохирад ҳастӣ,— ҷавоб медиҳад Довуд,— маро ту аз интиқоми Нобол барои бадкорияш, аз куштори вай боздоштӣ. Оромона ба хонаат баргард». Дертар, вақте ки Нобол мемирад, Абиҷайл яке аз занҳои Довуд мешавад.