Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲИКОЯИ 52

Ҷидъӯн ва 300 навкари вай

Ҷидъӯн ва 300 навкари вай

МЕБИНӢ, ки дар ин ҷо чӣ воқеа рӯй медиҳад? Инҳо ҷанговарони Исроиланд. Баъзеи онҳо хам шуда, об менӯшанд. Ҷидъӯни довар дар назди онҳо истодааст. Ӯ тарзи обнӯшии ҷанговаронро мушоҳида мекунад.

Бодиққат нигар; мардон обро ҳар хел менӯшанд. Баъзеҳо рӯи худро ба об хам карда менӯшанд. Дигарон бошанд, обро ба каф гирифта менӯшанд ва дар ин вақт ба атрофи худ ҳам аҳамият медиҳанд. Ин чиз муҳим аст, чунки Яҳува ба Ҷидъӯн фармуд, то танҳо он мардонеро интихоб кунад, ки ҳангоми нӯшидани об ҳам ҳушёранд. Боқимондаҳо бошанд, аз рӯи гуфтаи Худо бояд ба хона баргарданд. Биё бифаҳмем, ки чаро.

Исроилиён боз дучори мушкилиҳо шуданд. Онҳо боз аз Яҳува саркашӣ карданд. Сокинони Мидён бар онҳо ғолиб омадаанд ва онҳоро азоб медиҳанд. Бо ин сабаб, исроилиён ба Яҳува оҳу нола мекунанд ва Яҳува ба онҳо гӯш медиҳад.

Яҳува ба Ҷидъӯн мефармояд, ки қӯшун ҷамъ кунад. Ҷидъӯн 32 000 марди ҷангиро ҷамъ мекунад. Вале бар муқобили исроилиён қӯшуни 135 000–нафара баромадааст. Яҳува бошад ба Ҷидъӯн мегӯяд: «Ҳанӯз ҳам ҷанговарони ту зиёданд». Барои чӣ Яҳува чунин мегӯяд?

Барои он ки агар исроилиён дар ҷанг ғолиб оянд, фикр хоҳанд кард, ки бо қуввати худ ғолиб шудаанд ва барои ғолибият ба кӯмаки Яҳува эҳтиёҷ надоштанд. Аз ин рӯ, Яҳува ба Ҷидъӯн мегӯяд: «Ба ҷанговарон бигӯ, ки ҳар касе ки метарсад, ба хона баргардад». Вақте ки Ҷидъӯн чунин мегӯяд, 22 000 нафари онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд. Бо ӯ танҳо 10 000 мард бар муқобили 135 000 сарбозони душман боқӣ мемонанд.

Аммо, акнун чӣ?! «Ҷанговарони ту ҳоло ҳам зиёданд» — мегӯяд Яҳува. Ва ба Ҷидъӯн мефармояд, ки ҷанговаронро назди об барад ва касонеро, ки барои нӯшидани об пурра ба рӯи он хам мешаванд, ба хона фиристад. «Ман бар ту ғолибиятро бо 300 марде хоҳам дод, ки дар вақти нӯшидан ба атрофи худ назар мекунанд»,— ваъда медиҳад Яҳува.

Вақти ҷанг фаро мерасад. Ҷидъӯн 300 ҷанговари худро ба се гурӯҳ тақсим мекунад. Ӯ ба ҳар яке аз онҳо шох ва кӯзае бо машъал дар даруни он медиҳад. Нисфи шаб ҳамаи онҳо ӯрдугоҳи душманро иҳота мекунанд. Баъд, дар якҷоягӣ шохҳоро навохта, кӯзаҳояшонро мешикананд ва бо овози баланд дод мезананд: «Шамшери Яҳува ва Ҷидъӯн!». Вақте ки сарбозони душман бедор мешаванд, ба воҳима афтода худро гум мекунанд. Ҳамаи онҳо рӯ ба гурез мениҳанд ва исроилиён ғолибият ба даст меоранд.

Доварон бобҳои аз 6 то 8.