Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 110

Исо бори охир дар маъбад таълим медиҳад

Исо бори охир дар маъбад таълим медиҳад

МАТТО 23:25–24:2 МАРҚӮС 12:41–13:2 ЛУҚО 21:1–6

  • ИСО БОЗ РОҲБАРОНИ ДИНРО МАҲКУМ МЕКУНАД

  • МАЪБАД НОБУД МЕГАРДАД

  • БЕВАЗАНИ КАМБАҒАЛ ДУ ТАНГА ХАЙРИЯ МЕКУНАД

Ҳоло Исо бори охир дар маъбад аст ва ӯ фош кардани дурӯягии шариатдонону фарисиёнро давом медиҳад. Исо рӯирост онҳоро дурӯя номида мегӯяд: «Шумо беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни онҳо пур аз чашмгуруснагӣ ва хоҳишҳоест, ки шумо идора намекунед. Эй фарисиёни кӯр, аввал даруни пиёла ва табақро тоза кунед, то ки беруни он ҳам пок гардад» (Матто 23:25, 26). Фарисиён амрҳоеро, ки бо покшавӣ ва намуди зоҳирӣ алоқаманданд, як ба як иҷро мекунанд, лекин ба ботини худ аҳамият намедиҳанд ва дили худро пок намесозанд.

Дурӯягии ин сарварони дин ҳамчунин аз он маълум аст, ки онҳо мехоҳанд барои пайғамбарон мақбараҳо созанд ва онҳоро оро диҳанд. Ҳол он ки худашон, чи тавре ки Исо мегӯяд, «писарони кушандагони пайғамбарон» ҳастанд (Матто 23:31). Ин одамон ҳатто мехоҳанд пайғамбари бузург — Исоро кушанд (Юҳанно 5:18; 7:1, 25).

Пас аз ин Исо мегӯяд, ки агар ин роҳбарони дин тавба накунанд, онҳоро чӣ интизор аст: «Эй морон ва афъизодагон, аз ҳукми ба водии Ҳиннӯм партофта шудан чӣ тавр гурехта метавонед?» (Матто 23:33). Водии Ҳиннӯм, ки дар наздикии Ерусалим ҷойгир аст, барои сӯзонидани партовҳо истифода мешавад ва рамзи несту нобудшавии абадӣ мебошад. Фарисиёну шариатдонони бадкореро, ки тавба намекунанд, чунин нестӣ интизор аст.

Исо ба назди фарисиёну шариатдонон «пайғамбарон, хирадмандон ва таълимдиҳандагон», яъне шогирдони худро, мефиристад. Ин сарварони дин онҳоро чӣ тавр қабул мекунанд? Исо ба онҳо мегӯяд: «Шумо баъзеи онҳоро мекушед ва дар сутун ба қатл мерасонед ва баъзеи дигарро дар ибодатгоҳҳои худ қамчинкорӣ мекунеду аз шаҳр ба шаҳр таъқиб менамоед. Ҳамин тавр тамоми хуни ба замин рехтаи росткорон — аз хуни Ҳобили росткор то хуни Закарё... ки шумо ӯро... куштед — бар гардани шумост». Сипас ӯ огоҳ мекунад: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ин насл барои тамоми гуноҳҳои кардааш ҷазо хоҳад гирифт» (Матто 23:34–36). Ин суханони Исо соли 70-и милодӣ, вақте лашкари румиён Ерусалимро вайрону валангор карданд ва ҳазорҳо яҳудиёнро куштанд, ба иҷро расиданд.

Дар бораи ин вазъияти даҳшатовар фикр карда, Исо оҳи пурдарде мекашад ва мегӯяд: «Эй Ерусалим, Ерусалим, шаҳре, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки ба наздат фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам, ки кӯдакони туро ҷамъ оварам, чи тавре ки мурғ чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, аммо ту нахостӣ. Инак, Худо ин хонаро тарк хоҳад кард» (Матто 23:37, 38). Шунавандагони Исо, шояд, фикр мекунанд, ки ӯ дар бораи кадом «хона» гап мезада бошад. Аз афташ, Исо ин ҷо ба маъбади Ерусалим ишора мекунад, ки ба ақидаи одамон зери ҳимояи Худо мебошад.

Сипас Исо илова мекунад: «Ба шумо мегӯям, ки дигар маро нахоҳед дид, то даме ки нагӯед: “Баракат ёбад шахсе, ки ба номи Яҳува меояд”» (Матто 23:39). Ин ҷо Исо суханони Забур 117:26-ро иқтибос меорад. Дар он ҷо чунин пешгӯйӣ шудааст: «Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд! Шуморо аз хонаи Худованд баракат мехоҳем». Равшан аст, ки вақте маъбади Ерусалим несту нобуд мешавад, дигар ҳеҷ кас барои ибодат кардани Яҳува ба он ҷо намеояд.

Баъди ин Исо ба он қисми маъбад, ки он ҷо қуттиҳои хайрия истодаанд, равона мешавад. Исо мебинад, ки яҳудиён ба сӯрохии он қуттиҳо пул меандозанд ва сарватмандон «тангаҳои зиёд» хайрия мекунанд. Он вақт Исо шоҳиди он мешавад, ки чӣ тавр бевазани камбағале ба қуттии хайрия «ду тангаи хурдеро, ки арзиши хеле кам» дорад, мепартояд (Марқӯс 12:41, 42). Бешубҳа, Исо медонад, ки ҳадияи ин зан дар назари Худо хеле гаронбаҳо аст.

Исо шогирдонашро ба назди худ хонда мегӯяд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳамаи онҳое, ки ба зарфҳои хайриякунӣ пул меандохтанд, зиёдтар хайрия кард». Ба кадом маъно? Ӯ мефаҳмонад: «Онҳо аз зиёдатии худ хайрия мекарданд, вай бошад, нигоҳ накарда ба камбағалиаш, ҳар чизи доштааш — тамоми ризқу рӯзиашро, дод» (Марқӯс 12:43, 44). Дар ҳақиқат, тарзи фикр ва рафтори ин зан аз роҳбарони дин тамоман фарқ мекунад.

Ҳоло 11-уми нисон аст. Исо аз маъбад баромада меравад ва дигар ҳеҷ гоҳ ба он намеояд. Ҳангоми рафтанаш яке аз шогирдон ба ӯ мегӯяд: «Устод, нигоҳ кун, то чӣ андоза зебоянд ин сангҳо ва биноҳо!» (Марқӯс 13:1). Дар ҳақиқат, баъзе сангҳои девори маъбад беҳад калонанд ва аз устувору бақувват будани он шаҳодат медиҳанд. Барои ҳамин суханоне, ки Исо дар ҷавоб мегӯяд, барои шогирдон аҷоиб метобанд. Ӯ мегӯяд: «Ин биноҳои боҳашаматро мебинӣ? Дар ин ҷо санге бар санге намонда, ҳамааш ба хок яксон хоҳад шуд» (Марқӯс 13:2).

Баъди гуфтани ин суханон Исо ҳамроҳи расулонаш аз водии Қидрӯн гузашта, ба кӯҳи Зайтун мебарояд. Дар давоми якчанд вақт ӯ ҳамроҳи чор расулаш — Петрус, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно танҳо мемонад. Аз он ҷо онҳо ин маъбади боҳашаматро бемалол дида метавонанд.