Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 6

Давраи охири хизмати Исо

«Подшоҳи ту... назди ту меояд» (МАТТО 21:5).

Давраи охири хизмати Исо

ДАР ИН ҚИСМ

БОБИ 101

Меҳмонӣ дар хонаи Шимъӯн

Марям, хоҳари Лаъзор, коре мекунад, ки боиси баҳсу мунозира мешавад, вале Исо Марямро тарафгирӣ мекунад.

БОБИ 102

Подшоҳ савори харкурра ба Ерусалим медарояд

Исо пешгӯйиеро ки панҷ ҳазор сол пеш гуфта шуд, иҷро мекунад.

БОБИ 103

Исо бори дуюм маъбадро тоза мекунад

Ба назар чунин метофт, ки савдогарон дар Ерусалим тиҷорати қонуниро ба роҳ монда буданд, пас чаро Исо онҳоро ғоратгарон номид?

БОБИ 104

Оё яҳудиён имон меоранд?

Ба Исо имон овардан чӣ маъно дорад?

БОБИ 105

Исо дарахти анҷири хушкшударо мисол меорад

Исо ба шогирдонаш дар бораи муҳим будани имон таълим дод ва сабаби аз халқи Исроил рӯ гардондани Худоро фаҳмонд.

БОБИ 106

Ду мисол дар бораи токзор

Дар бораи маънои мисоли марде, ки аз писаронаш хоҳиш мекунад, то ба токзор рафта кор кунанд ва марде, ки токзорашро ба токпарварон иҷора медиҳад, фикр кунед.

БОБИ 107

Подшоҳ ба тӯйи арӯсӣ меҳмон таклиф мекунад

Масали Исо дар бораи тӯйи арӯсӣ пешгӯӣ аст.

БОБИ 108

Душманон Исоро ба дом афтонда наметавонанд

Ба саволҳои Исо на фарисиён, на саддуқиён ва на дигар душманонаш ҷавоб ёфта тавонистанд.

БОБИ 109

Исо сарварони динро танқид мекунад

Чаро Исо тарафдори он набуд, ки касе, чи хеле ки хоҳад, ҳамон тавр Худоро ибодат карда метавонад?

БОБИ 110

Исо бори охир дар маъбад таълим медиҳад

Исо намунаи бевазани камбағалро истифода бурда, ба шогирдонаш дарси муҳиме омӯхт.

БОБИ 111

Расулон аз Исо аломат мепурсанд

Пешгӯйиҳои Исо бори аввал дар асри як иҷро шуданд. Оё ин пешгӯйиҳо баъдтар дар миқёси бузург иҷро мешаванд?

БОБИ 112

Мисол дар бораи даҳ духтар

Оё Исо гуфтанӣ буд, ки нисфи шогирдони ӯ бохираду нисфи дигарашон бехираданд?

БОБИ 113

Мисол дар бораи талантҳо

Масал дар бораи талантҳо барои фаҳмидани суханони зерини Исо кӯмак мерасонад: «Ҳар касе, ки дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад».

БОБИ 114

Вақте Масеҳ меояд, гӯсфандону бузҳоро доварӣ мекунад

Мисоли бузу гӯсфандонро истифода бурда, Исо нишон дод, ки одамон дар кадом асос доварӣ мешаванд.

БОБИ 115

Тайёрӣ ба охирин иди Раҳоӣ

Чаро сарварони дин розӣ мешаванд, ки бар ивази ҷони Исо сӣ сиқл нуқра диҳанд?

БОБИ 116

Исо пойҳои расулонро мешӯяд

Вақте расулон мебинанд, ки Исо вазифаи ғуломро иҷро карда истодааст, ҳайрон мешаванд.

БОБИ 117

Хӯроки шоми Ҳазрат

Исо Шоми ёдбудро ҷорӣ мекунад, ки пайравонаш бояд онро ҳар сол 14-уми нисон ҷашн гиранд.

БОБИ 118

Баҳси навбатии шогирдон

Дере нагузашта, шогирдон дар бораи намунаи фурӯтании Исо фаромӯш карданд.

БОБИ 119

Исо роҳ, ростӣ ва ҳаёт аст

Исо оиди чӣ тавр ба сӯйи Худо равона шудан дарси хубе медиҳад.

БОБИ 120

Шогирдон бояд самар оранду дӯсти Исо бошанд

Чӣ хел шогирдони Исо «самар оварда» метавонистанд?

БОБИ 121

«Далер бошед; ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!»

Чӣ тавр Исо бар ҷаҳон ғолиб омад, дар сурате ки маҳз ҷаҳон ӯро ба қатл расонд?

БОБИ 122

Исо бори охир дар болохона дуо мегӯяд

Исо ба одамон имконияти наҷот ёфтанро фароҳам овард, вале ӯ ҳамчунин фаҳмонд, ки ӯ аз ин дида кори муҳимтареро иҷро кард.

БОБИ 123

Исо дар вақти озмоиши сахт дуо мегӯяд

Чаро Исо дуо мегӯяд, ки «ин пиёларо аз ман дур кун»? Оё ӯ аз супориши чун фидягузор ҷонашро фидо кардан даст мекашад?

БОБИ 124

Яҳудо Исоро ба дасти душманон месупорад

Ҳарчанд нисфи шаб буд, лекин Яҳудо Исоро ёфта тавонист.

БОБИ 125

Исоро аввал пеши Ҳонон ва баъд пеши Қаёфо мебаранд

Исоро барноҳақ тӯҳмат карда ҳукм мекунанд.

БОБИ 126

Петрус Исоро инкор мекунад

Чӣ тавр Петрус шахси имондору содиқ ин қадар тез аз Исо рӯ мегардонад?

БОБИ 127

Исоро назди Пилотус мебаранд

Нияти аслии сарварони дини яҳудӣ ошкор мешавад.

БОБИ 128

Пилотус ва Ҳиродус Исоро айбдор намеҳисобанд

Чаро Пилотус барои ҳукм намудан Исоро назди Ҳиродус мефиристад? Оё худаш ин корро карда наметавонад?

БОБИ 129

Пилотус мегӯяд: «ана он мард!»

Пилотус истодагарии Исоро дида ба ҳайрат меояд.

БОБИ 130

Исоро ба куштан мебаранд

Чаро Исо ба заноне ки барояш гиря мекарданд мегӯяд, ки барои худ ва фарзандони худ гиря кунед?

БОБИ 131

Исоро дар сутун азоб медиҳанд

Исо ба яке аз роҳзаноне ки дар наздаш мехкӯб шуда буд, ваъдае медиҳад. Ин ваъда бояд дар оянда иҷро шавад.

БОБИ 132

«Дар ҳақиқат, ин мард одами росткор буд»

Торикии зулмот дар рӯзи равшан, заминҷунбии сахт ва даридани пардаи маъбад, ҳамааш ба як чиз ишора мекунад.

БОБИ 133

Исоро мегӯронанд

Чаро Исоро то ғуруби офтоб гӯронидан лозим буд?

БОБИ 134

Қабр холист — Исо зинда аст!

Исои зиндашуда дар аввал ба расулонаш неву ба зане зоҳир мешавад.

БОБИ 135

Исо ба бисёриҳо зоҳир мешавад

Чӣ тавр шогирдон боварӣ ҳосил мекунанд, ки Исо зинда шудааст?

БОБИ 136

Дар соҳили баҳри Ҷалил

Петрус се маротиба мешунавад, ки бо кадом роҳ бояд муҳаббаташро ба Исо исбот кунад.

БОБИ 137

Пеш аз иди Ҳафтаҳо садҳо нафар ӯро мебинанд

Баъд аз зинда шудан ва пеш аз ба осмон рафтанаш, Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки ба онҳо рӯҳи муқаддас дода мешавад. Ҳамчунин ӯ мефаҳмонад, ки барои чӣ ба онҳо ин рӯҳ дода мешавад.

БОБИ 138

Масеҳ аз тарафи рости Худо нишаст

То вақти ба зидди душманонаш амал карданаш Исо бо кадом кор банд хоҳад буд?

БОБИ 139

Исо Биҳиштро барқарор месозад

Пеш аз он ки Подшоҳиро ба Падар ва Худои худ супорад, Исо боз корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонад.