БОБИ 11
Яҳёи Таъмиддиҳанда роҳро тайёр мекунад
МАТТО 3:1–12 МАРҚӮС 1:1–8 ЛУҚО 3:1–18 ЮҲАННО 1:6–8, 15–28
-
ЯҲЁ МАВЪИЗА МЕКУНАД ВА ТАЪМИД МЕДИҲАД
-
ОДАМОНИ БИСЁРЕ ТАЪМИД МЕГИРАНД
Аз он вақте, ки Исои 12-сола дар маъбад ба муаллимон саволҳо дода буд, тахминан 17 сол гузашт. Ҳоло баҳори соли 29-ум аст. Бисёриҳо дар бораи хеши Исо — Яҳё, ки дар сарзамини ғарбии дарёи Урдун хабари муҳимеро мавъиза мекунад, гап мезананд.
Яҳё инсони ғайриодӣ аст. Сару либос ва суханони ӯ одамонро ба ҳайрат меорад. Яҳё дар тан либосе аз пашми шутур ва дар миён камарбанди чармине дорад, хӯрокаш бошад, малаху асали саҳроӣ аст. Яҳё ба одамон кадом хабари муҳимро мерасонад? Ӯ мегӯяд: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст» (Матто 3:2).
Хабари Яҳё ба дили одамоне, ки наздаш меоянд, сахт таъсир мекунад. Бисёриҳо мефаҳманд, ки бояд тавба кунанд, яъне фикрронӣ ва тарзи ҳаёти пешинаашонро, ки ба Худо маъқул нест, тағйир диҳанд. Одамон ба назди Яҳё «аз Ерусалим, аз ҳар гӯшаву канори Яҳудия ва аз ҳамаи вилоятҳои гирду атрофи Урдун» меоянд (Матто 3:5). Бисёре аз онҳо тавба мекунанд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медиҳад, яъне пурра таги об мекунаду мебарорад. Лекин барои чӣ Яҳё таъмид медиҳад?
Таъмиди Яҳё нишонаи он аст, ки одамон аз гуноҳҳое, ки бар зидди Шариати Худо кардаанд, аз таҳти дил пушаймонанд (Аъмол 19:4). Лекин на ҳама барои таъмид гирифтан мувофиқанд. Масалан, вақте баъзе роҳбарони дин — фарисиён ва саддуқиён, ба назди Яҳё меоянд, ӯ онҳоро «афъизодагон» номида чунин мегӯяд: «Самаре оред, ки аз тавбаи шумо шаҳодат диҳад. Дар дили худ нагӯед: “Мо фарзандони Иброҳим ҳастем”, зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад ҳатто аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзанд ба вуҷуд орад. Инак, табар барои буридани дарахтон дар бехи онҳо гузошта шудааст. Ҳар дарахте, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ партофта мешавад» (Матто 3:7–10).
Вақте яҳудиён мебинанд, ки Яҳё дар байни халқ ном баровардааст ва хабари таъсирбахшро мавъиза мекунаду бисёриҳоро таъмид медиҳад, онҳо коҳинон ва левизодагонро ба назди ӯ мефиристанд, то кӣ будани ӯро фаҳманд.
Яҳё рӯирост мегӯяд:
— Ман Масеҳ нестам.
— Пас, ту кистӣ? Оё Илёсӣ? — боз мепурсанд онҳо.
— Не,— дар ҷавоб мегӯяд ӯ.
— Шояд ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки дар борааш пешгӯйӣ шуда буд? — Ин одамон пайғамбареро дар назар доранд, ки Мӯсо дар борааш пешгӯйӣ карда буд (Такрори Шариат 18:15, 18).
— Не! — мегӯяд Яҳё.
— Набошад, ту кистӣ? Ба мо бигӯ, то ба онҳое, ки моро фиристоданд, ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худат чӣ мегӯӣ?
— Ман, чи тавре ки Ишаъё-пайғамбар гуфта буд, касе ҳастам, ки дар биёбон чунин нидо мекунад: «Роҳро барои Яҳува ҳамвор намоед» (Юҳанно 1:19–23).
— Агар ту Масеҳ, Илёс ё пайғамбари пешгӯйишуда набошӣ, пас, барои чӣ мардумро таъмид медиҳӣ? — мепурсанд онҳо.
— Ман дар об таъмид медиҳам, аммо дар байнатон касе ҳаст, ки шумо ӯро намешиносед. Ӯ касест, ки аз паси ман меояд (Юҳанно 1:25–27).
Бо ин ҷавобаш Яҳё нишон медиҳад, ки роҳро тайёр мекунад, яъне одамонро ба қабул кардани Масеҳи пешгӯйишуда, ки бояд Подшоҳ шавад, омода месозад. Дар бораи ӯ Яҳё чунин мегӯяд: «Касе, ки баъд аз ман меояд, қудрати бештар дорад ва ман ҳатто сазовори он нестам, ки пойафзоли ӯро кашам» (Матто 3:11). Яҳё ҳамчунин мегӯяд: «Шахсе, ки аз паси ман меояд, аз ман бузургтар гашт, зеро ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт» (Юҳанно 1:15).
Бинобар ин хабаре, ки Яҳё эълон мекунад саривақтӣ аст. Ӯ мегӯяд: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст» (Матто 3:2). Хабари Яҳё ба ҳама нишон медиҳад, ки Подшоҳи таъйинкардаи Яҳува — Исои Масеҳ ба наздикӣ хизмати худро сар мекунад.