Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 4

Марям оиладор нашуда ҳомила аст

Марям оиладор нашуда ҳомила аст

МАТТО 1:18–25 ЛУҚО 1:56

  • ЮСУФ МЕФАҲМАД, КИ МАРЯМ ҲОМИЛАДОР АСТ

  • МАРЯМ ЗАНИ ЮСУФ МЕШАВАД

Марям, баъд аз он ки якчанд моҳ дар хонаи Элисобаъ, дар кӯҳистони Яҳудо, меистад, ба хонаи худ, ба шаҳри Носира, бармегардад. Ҳоло чор моҳ мешавад, ки ӯ ҳомиладор аст ва ба қарибӣ ин ба дигарон ҳам маълум мешавад. Дар ҳақиқат, вазъияти Марям хеле душвор аст!

Марям номзади Юсуф ном дуредгар аст. Ӯ медонад, ки мувофиқи Шариате, ки Худо ба Исроил додааст, занеро, ки номзад дораду бо каси дигар зино мекунад, сангсор карда мекушанд (Такрори Шариат 22:23, 24). Марям, албатта, духтари бероҳа нест. Эҳтимол, ӯ хеле хавотир аст ва намедонад, ки масъаларо чӣ хел ба Юсуф фаҳмонад ва оқибати кор чӣ мешавад.

Марям се моҳ дар Носира набуд, барои ҳамин бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Юсуф ӯро хеле ёд кардааст. Вақте онҳо вомехӯранд, Марям, аз афташ, вазъиятро ба Юсуф мефаҳмонад. Лекин, чи қадаре Марям нафаҳмонад, боварии Юсуф намеояд, ки вай ба воситаи рӯҳи муқаддас ҳомиладор шудааст.

Юсуф медонад, ки Марям инсони хуб аст ва одамон ӯро чун зани худотарсу баномус мешиносанд. Ғайр аз ин, Юсуф Марямро хеле дӯст медорад ва намехоҳад, ки ӯ сангсор карда шавад. Нигоҳ накарда ба ҳамаи ин Юсуф фикр мекунад, ки вай бо марде ҳамхоба шудааст ва барои ҳамин мехоҳад аз ӯ пинҳонӣ ҷудо шавад. Дар он замонҳо зан ва марде, ки номзад мешуданд, зану шавҳар ба ҳисоб мерафтанд ва барои ҷудо шудан додани хати талоқ даркор буд.

Бо ҳамин фикру хаёл хоби Юсуф мебарад. Дар хоб фариштаи Яҳува ба ӯ зоҳир шуда, мегӯяд: «Эй Юсуф, писари Довуд, аз хонадор шудан бо Марям натарс, зеро вай ба воситаи рӯҳи муқаддас ҳомиладор шудааст. Вай писар таваллуд мекунад ва ту ӯро Исо ном мемонӣ, зеро ӯ халқи худро аз гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод» (Матто 1:20, 21).

Вақте Юсуф бедор мешавад, ӯ хеле хурсанд мегардад ва гӯё бори вазнине аз китфаш меафтад. Ӯ даррав он чизеро, ки фаришта гуфт, иҷро мекунад ва Марямро ба хонаи худ гирифта меорад. Дар он замонҳо занро ба хонаи худ овардани мард маънои онро дошт, ки ӯ он занро ба занӣ мегирад. Акнун Юсуфу Марям зану шавҳаранд. Лекин Юсуф то таваллуд шудани Исо бо Марям ҳамхоба намешавад.

Якчанд моҳ пас Юсуф ва Марями ҳомиладор ба сафари дурудароз мебароянд. Вақти таваллуд кардани Марям наздик аст. Онҳо дар ин вақт ба куҷо сафар мекунанд?