Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 18

Чӣ тавр мо дар мусибатҳо ба бародаронамон ёрӣ медиҳем?

Чӣ тавр мо дар мусибатҳо ба бародаронамон ёрӣ медиҳем?

Ҷумҳурии Доминика

Ҷопон

Гаити

Дар вақти рӯй додани офатҳо Шоҳидони Яҳува ба зудӣ амал карда ба бародарони осебдидаи худ ёрӣ мерасонанд. Чунин кӯшишҳо муҳаббати самимиеро, ки мо нисбати якдигар дорем, нишон медиҳанд (Юҳанно 13:34, 35; 1 Юҳанно 3:17, 18). Бо кадом роҳҳо мо кӯмак мерасонем?

Мо хайрияҳои пулӣ мекунем. Вақте ки дар асри як дар Яҳудо қаҳтӣ рӯй дод, масеҳиёни Антиохия ба бародарони рӯҳонии худ кӯмаки пулӣ фиристоданд (Аъмол 11:27–30). Ба ҳамин монанд, вақте мо мефаҳмем, ки дар ягон қисми дунё бародаронамон бо мусибат дучор шудаанд, мо ба воситаи ҷамъомади маҳаллӣ хайрияҳои пулӣ мефиристем, то ба шахсоне, ки сахт мӯҳтоҷанд, ёрии моддӣ расонда шавад (2 Қӯринтиён 8:13 –15).

Мо ёрии амалӣ мерасонем. Пироне, ки дар маҳалли рӯй додани офат қарор доранд, ҷои ҳар як аъзои ҷамъомадро аниқ мекунанд, то ба зинда ва саломат будани онҳо боварӣ ҳосил намоянд. Шояд кумитаи кӯмак ба ҷабрдидагон ташкил карда мешавад, то оиди бо хӯрока, оби тозаи нӯшокӣ, либос, ҷои зист ва ёрии тиббӣ таъмин кардани одамон ғамхорӣ кунад. Бисёр Шоҳидон, ки қобилияти лозима доранд, ихтиёран аз ҳисоби худ ба ҷои мусибат рафта дар корҳои кӯмак ба осебдидагон ё барқарор кардани хонаҳои вайроншуда ва ҷойҳои ҷамъомад иштирок мекунанд. Ягонагии байни мо ва таҷрибае, ки мо аллакай аз ҳамкории якҷоя ба даст овардаем, ба мо имконият медиҳад, ки дар вақтҳои рӯй додани офатҳо ба зудӣ амал кунем. Мо «ба аҳли имони худ» дасти ёрӣ дароз мекунем, лекин ҳамзамон дигар одамонро, новобаста аз он ки онҳо ба кадом дин тааллуқ доранд, фаромӯш намесозем (Ғалотиён 6:10).

Мо аз Навиштаҳо тасаллӣ мебахшем ва дилбардорӣ мекунем. Онҳое, ки аз офатҳо осеб мебинанд, ба тасаллӣ хеле мӯҳтоҷанд. Дар чунин вақтҳо мо аз Яҳува — «Худои ҳар тасалло» қувват мегирем (2 Қӯринтиён 1:3, 4). Мо бо омодагӣ ваъдаҳои Китоби Муқаддасро ба одамони мусибатдида нақл мекунем ва онҳоро боварӣ мебахшем, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо ба ҳамаи мусибатҳо хотима мебахшад ва сабаби ранҷу азобро бартараф мекунад (Ваҳй 21:4).

  • Барои чӣ Шоҳидон дар вақти мусибатҳо метавонанд ба зудӣ амал кунанд?

  • Кадом ваъдаҳои тасаллибахшро мо ба ҷабрдидагон нақл карда метавонем?