ҚИСМИ 2
Худои ҳақиқӣ кист?
Танҳо як Худои ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Номи Ӯ Яҳува мебошад (Забур 83:18, Тарҷумаи форсӣ). Худо рӯҳ аст; мо Ӯро дида наметавонем. Худо моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо низ дар ҷавоб Ӯро дӯст дорем. Ӯ ҳамчунин мехоҳад, ки мо дигаронро дӯст дорем (Матто 22:35–40). Ӯ Шахсияти баландтарин, Офаридгори ҳама чиз мебошад.
Аввалин офаридаи Худо — шахсияти рӯҳии пурқудрате буд, ки баъдтар чун Исои Масеҳ маълум гашт. Яҳува инчунин фариштаҳоро офарид.