Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

6–12 январ

ЗАБУР 127–134

6–12 январ

Суруди 41 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Волидон, ба мероси бебаҳои худ ғамхорӣ карданро давом диҳед

(10 дақ.)

Волидон, барои қонеъ кардани ниёзҳои оилаатон аз Яҳува кумак пурсед (Зб 127:1, 2).

Фарзандон мерос аз ҷониби Яҳуваанд (Зб 127:3; w21.08 саҳ. 5, сарх. 9).

Ҳар як фарзандатонро мувофиқи қобилияту фаҳмишаш таълим диҳед (Зб 127:4; w19.12 саҳ. 27, сарх. 20).

Вақте волидон ба Яҳува такя карда, ҳаматарафа дар бораи фарзандашон ғамхорӣ менамоянд, Яҳува инро қадр мекунад

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Зб 128:3 — Чаро таронанавис писаронро ба «навдаҳои зайтун» монанд кард? (it «Набототи Китоби Муқаддас»).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ (lmd дарси 1, қисми 3).

5. Суҳбатро сар кунед

(4 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Ҳамсуҳбататон ақидаеро баён мекунад, ки бар зидди Китоби Муқаддас аст (lmd дарси 5, қисми 4).

6. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) lff дарси 16, қисмҳои 4, 5. Бо омӯзандаи худ маслиҳат кунед, ки дар ҳафтаи набуданатон чӣ тавр омӯзишро давом дода метавонад (lmd дарси 10, қисми 4).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 5

7. Волидон, оё шумо аз ин асбоби беҳамто истифода мебаред?

(15 дақ.) Муҳокима.

Ташкилоти Яҳува маводи бисёреро нашр кардааст, ки ба воситаи он волидон метавонанд ба фарзандонашон дӯст доштани Яҳуваро таълим диҳанд. Лекин беҳтарин асбоб дар таълими фарзанд ин намунаи худи волидон мебошад (5Мс 6:5–9).

Исо ҳангоми таълими шогирдонаш аз ин асбоби беҳамто истифода мебурд.

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Юҳанно 13:13–15-ро хонанд. Сипас саволи зеринро диҳед:

  • Чаро шумо фикр мекунед, ки бо намунаи худ таълим додани Исо пурсамар буд?

Волидони азиз, фарзандонатон аз рафтори шумо муҳиму манфиатовар будани таълимоти Китоби Муқаддасро мефаҳманд. Инчунин намунаи шуморо дида, онҳо ба чизҳое, ки таълим медиҳед, эҳтиром пайдо мекунанд ва бо майли бештар ба гапатон гӯш медиҳанд.

ВИДЕОНАВОРИ «Барои фарзандонамон намунаи ибрат будем»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Оилаи Гарсиасҳо ба духтаронашон кадом дарсҳои муҳимро таълим доданд?

  • Чӣ тавр ин видео шуморо ҳавасманд сохт, ки минбаъд низ ба фарзандонатон намунаи ибрат бошед?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 33 ва дуо