ШАВҚМАНДОНРО ХАБАР ГИРЕД
ДАРСИ 9
Ҳамдардӣ
Маслиҳат: «Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунандагон — гиря» (Рум. 12:15).
Исо чӣ кор кард?
1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Марқус 6:30–34-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:
Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?
2. Агар мо ҳамдарду дилсӯз бошем, дар бораи одамон фикр мекунем, на фақат дар бораи расонидани хушхабар.
Мисли Исо амал кунед
3. Бодиққат гӯш кунед. Фикри одамро то охир гӯш кунед,— гапашро набуред. Бигзор аз муомилаатон маълум бошад, ки шумо фикру ҳиссиёт ва норозигии ӯро камаҳамият намешуморед. Вақте одамро бодиққат гӯш мекунед, вай мебинад, ки шумо ҳурматаш мекунед.
4. Дар бораи шавқманд фикр кунед. Баъди бо шахс суҳбат кардан аз худ пурсед:
5. Мавзуеро бардоред, ки ба ниёзҳои ӯ мувофиқ аст. Ҳар чи тезтар нишон диҳед, ки чӣ тавр ӯ ба воситаи омӯзиши Китоби Муқаддас метавонад ба саволҳояш ҷавоб ёбаду ҳаёташро беҳтар гардонад.