1
Номи Худо дар Навиштаҳои Ибронӣ
Номи Худо дар Навиштаҳои Ибронӣ қариб 7000 маротиба вомехӯрад. Он бо чор ҳарфи ҳамсадои ибрӣ יהוה навишта шудааст, ки тетраграмматон ном дорад. Дар «Тарҷумаи дунёи нав» * ин ном бисёр вомехӯрад. Ҳарчанд нависандагони илҳомбахшидашудаи Китоби Муқаддас ба Худо ишора намуда, унвонҳо ва ибораҳои тасвирии гуногунро ба монанди «Қодири Мутлақ», «Ҳаққи Таоло» ва «Худованд» истифода бурда бошанд ҳам, лекин дар мавриди номи шахсии Худо онҳо танҳо тетраграмматонро истифода бурдаанд.
Худо худаш нависандагони Китоби Муқаддасро барангехт, ки номи Ӯро истифода баранд. Барои мисол Худо Юил-пайғамбарро илҳом бахшид, ки чунин нависад: «Ҳар кӣ исми [Яҳува *] Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт» (Юил 2:32). Ҳамчунин, Худо забурнависро барангехт, ки суханони зеринро нависад: «Бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ» (Заб. 82:19, Тарҷумаи форсӣ). Номи Худо қариб 700 бор танҳо дар китоби Забур — таронаҳое, ки халқи Худо бояд онҳоро аз ёд мекарданд ва бо мусиқӣ месуруданд, вомехӯрад. Пас, чаро дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас номи Худо дида намешавад? Барои чӣ имрӯз мо номи Худоро чун «Яҳува» истифода мебарем? Ва номи Яҳува чӣ маъно дорад?
Чаро дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас номи Худо дида намешавад? Барои ин сабабҳои гуногун вуҷуд доранд. Баъзеҳо ақида доранд, ки барои Худои Қодир доштани ягон номи махсус шарт нест, зеро Ӯ яккаву ягона аст. Дигарон аз афташ ба таъсироти урфу одати яҳудиён дода шуда, эҳтимол фикр мекарданд, ки истифода бурдани номи Худо беҳурматӣ аст. Баъзеҳо
бошанд, ақида доранд, ки беҳтараш унвонҳои Ӯ, «Худованд» ё «Худо»-ро истифода бурдан лозим аст, зеро талаффузи аниқи номи Худо маълум нест. Лекин чунин ақидаҳоро бо сабабҳои зерин дуруст ҳисобидан нораво мебуд:-
Касоне ки барои Худои Қодир доштани номи махсус шарт нест мегӯянд, он далеле, ки дар дастнависҳои қадимаи Каломи Худо, аз он ҷумла дар дастнависҳое, ки то замони Масеҳ буданд, номи шахсии Худо аниқ вуҷуд доштанашро ба инобат намегиранд. Чӣ тавре ки дар боло қайд шуда буд, Худо худаш роҳбарӣ кард, ки номаш дар Каломи Ӯ қариб 7000 маротиба навишта шавад. Аз ин бармеояд, ки Ӯ мехоҳад, то мо номашро донем ва истифода барем.
-
Тарҷумононе, ки аз эҳтиром ба урфу одати яҳудӣ номи Худоро истифода намебаранд, як далели муҳимро ба назар намегиранд. Гарчанд баъзе нусхабардорони яҳудӣ талаффуз намудани номи Худоро рад карда бошанд ҳам, онҳо ҳангоми нусхабардории Китоби Муқаддас ин номро нест накарданд. Ин ном дар бисёр ҷойҳои дастнависҳои қадимае, ки дар Қумрон, дар наздикии баҳри Мурда ёфт шудаанд, вомехӯрад. Баъзе тарҷумонони Китоби Муқаддас барои нишон додани он ки номи илоҳӣ дар матни аслӣ дар куҷо дида мешуд, номи Худоро бо унвони «ХУДОВАНД» бо ҳарфҳои калон иваз мекунанд. Вале саволи зерин боқӣ мемонад: Агар ин тарҷумонон эътироф кунанд, ки номи Худо дар матни аслӣ ҳазорҳо маротиба вомехӯрд, пас чаро онҳо дар Китоби Муқаддас номи Худоро бо унвонҳо иваз мекунанд ё умуман онро гирифта мепартоянд? Кӣ ба онҳо ҳуқуқи даровардани чунин дигаргуниҳоро дод? Ҷавоби ин саволҳоро танҳо онҳо дода метавонанд.
-
Он шахсоне ки аз сабаби надонистани талаффузи аниқи номи Худо, истифодаи онро рад мекунанд, дар баробари ин номи Исоро озодона истифода мебаранд. Ҳол он ки шогирдони асри як номи Исоро аз аксарияти масеҳиёни ҳозира дида, тамоман дигар хел талаффуз мекарданд. Масеҳиёни яҳудӣ номи Исоро эҳтимол чун Ешу́а ва унвони Масеҳро чун Машиах талаффуз мекарданд. Масеҳиёни юнонизабон ӯро чун Иесу́с Христо́с ва масеҳиёни лотинизабон Е́зус Хри́стус мегуфтанд. Зери илҳоми илоҳӣ, тарҷумаи юнонии номи Исо дар Китоби Муқаддас навишта шуд ва ин нишон медиҳад, ки масеҳиёни асри як номи Исоро ба тарзи қулай ва ба забони худашон мувофиқ истифода мебурданд. Ба ин монанд, Шоҳидони Яҳува одатан дар тамоми ҷаҳон ҳамон шакли номи Худоро, ки ба забонашон мувофиқ ва қулай аст, истифода мебаранд, ҳатто агар он ба тарзи талаффузи забони қадимаи ибронӣ айнан мувофиқ наояд ҳам.
Барои чӣ имрӯз мо номи Худоро чун «Яҳува» истифода мебарем? Чор ҳарфи тетраграматонро (יהוה) бо чор ҳарфи ҳамсадои
тоҷикӣ «ЙҲВҲ» ифода кардан мумкин аст. Чун ҳамаи калимаҳои хаттӣ дар забони ибрии қадим, тетраграмматон низ ягон ҳарфи садонок ба монанди а, о, у, ӯ, и ва е надошт. Вақте ки забони қадими ибрӣ дар ҳаёти ҳаррӯза истифода бурда мешуд, одамон ҳангоми хондан садонокҳои мувофиқро ба осонӣ гузошта, калимаҳоро мехонданд.Тақрибан пас аз ҳазор соли ба анҷом расонидани Навиштаҳои Ибронӣ, дар байни яҳудиён ақидаҳои беасос паҳн гашт, ки гӯё номи Худоро бо овоз хондан нодуруст аст ва аз ҳамин сабаб онҳо ҳангоми хондани номи Худо онро бо дигар унвонҳо ба монанди «Худованд» иваз мекарданд. Барои ҳамин, мо имрӯз аниқ намедонем, ки хизматгорони пешинаи Худо номи Ӯро чӣ тавр талаффуз мекарданд (Ҳастӣ 13:4; Хуруҷ 3:15). Баъзе мутахассисон ақида доранд, ки онро чун «Яҳве» талаффуз мекарданд, дигарон бошанд мегӯянд, ки мувофиқи тарзи талаффузи нависандагони қадими Юнонӣ он шояд чунин талаффуз мешуд: «Иаэ́, Иабэ́ ва Иауэ́». Гарчанд мо аниқ намедонем, ки номи Худо ба забони қадими ибрӣ чӣ тавр талаффуз мешуд, вале мо аниқ медонем, ки онҳо ба Худо бо номаш муроҷиат мекарданд ва номи Ӯро ҳангоми бо дигарон гуфтугӯ намудан, озодона истифода мебурданд (Хуруҷ 6:2; 3 Подшоҳон 8:23; Забур 98:9 *).
Тарзи талаффузи ин ном дар ҳар забон ҳар хел аст ва бо мурури вақт он дар бисёр забонҳо тағйир ёфт. Масалан, соли 1530 аввалин бор дар Китоби Муқаддас бо забони англисӣ, тарҷумаи Уилям Тиндал, номи Худо чун «Иеҳоаҳ» навишта шуда буд. Баъдтар тарзи талаффузи номи Худо шакли «Яҳува»-ро гирифт, ки он то замони мо чунин аст.
Ба ин монанд, дар тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ба забони форсӣ низ номи Худо дар намудҳои гуногун вомехӯрад. Дар Навиштаҳои
Ибронӣ, ки аз тарафи Фозилхон Ҳамадонӣ, Уилям Глен ва Ҳенри Мартин тарҷума гардида, соли 1856 ба чоп баромадааст, номи Худо дар шакли «Еҳуаҳ» вомехӯрад. Аммо дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас (International Bible Distributing Society), ки соли 1904 нашр гардидааст, номи Худо дар шакли «Яҳува» истифода шудааст ва дар тарҷумаи қадими форсӣ бо ҳуруфчинӣ ва аломатҳои китобатии нав, ки соли 1996 аз чоп баромад, номи Худо дар тамоми Навиштаҳои Ибронӣ, ҳам дар шакли «Яҳува» ва ҳам дар шакли «Йҳвҳ» омадааст. Пас, чунин гуфта метавонем, ки шакли асосии номи Худо «Яҳува» мебошад. Барои ҳамин, имрӯз дар забони форсӣ номи Худо чунин шаклро гирифтааст.Тадқиқотчии Китоби Муқаддас Киркпатрик оиди истифодаи номи Худо чунин гуфт: «Аз ҳама чизи зарур ин талаффуз не, балки донистани номи шахсӣ мебошад, на ин ки унвон, мисли “Худованд”».
Номи Яҳува чӣ маъно дорад? Дар забони ибронӣ номи Яҳува аз феъли הוה (ҲВҲ) гирифта шудааст, ки маънояш «шудан» мебошад. Як қатор олимон мегӯянд, ки шакли ин феъли ибронӣ «сабаби шудан»-ро тасвир мекунад. Аз ин рӯ фаҳмиши Шоҳидони Яҳува оиди маънои номи Худо чунин аст: «Ӯ сабаби шудан мегардад». Нуқтаи назари олимон оиди ин гуногун аст ва барои ҳамин мо қатъиян номи Худо танҳо чунин маъно дорад гуфта наметавонем. Ба ҳар ҳол, ин маънидодкунӣ нақши Яҳуваро чун Офаридгори тамоми Олам ва Иҷрокунандаи ваъдаҳояш, хуб тасвир мекунад. Ӯ на танҳо сабаби ба вуҷуд омадани коинот, одамон ва фариштагон гаштааст, балки нигоҳ накарда ба ҳар гуна монеаҳо, Ӯ ба иҷро шудани ирода ва нияташ пайваста сабаб мегардад.
Барои ҳамин, маънои номи Яҳува танҳо бо феъле, ки дар Хуруҷ 3:14 (ТДН) омадааст, маҳдуд намешавад. Дар он ҷо мо мехонем: «Ман ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам». Аслан, ин калимаҳо маънои номи Худоро пурра дода наметавонанд. Онҳо танҳо як ҷониби шахсияти Худоро ошкор мекунанд, яъне онро, ки Яҳува барои иҷро кардани нияташ ҳар кӣ хоҳад, ҳамон шуда метавонад. Лекин номи Худо маънои аз ин ҳам бештарро дорад. Номи Яҳува ҳамчунин маънои онро дорад, ки Ӯ барои иҷрои иродаи худ офаридаҳояшро барои кадом коре ки лозим аст, истифода мебарад.
[Эзоҳҳо]
^ сарх. 3 Ин Китоби Муқаддас аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гардидааст
^ сарх. 4 Яҳува — номи Худо ба забони тоҷикӣ мебошад, ки ҳаммаънои номи Худо ба забони ибронии қадим аст. Ин ном дар ҳама дастнависҳои қадимаи Китоби Муқаддас ба забони ибронӣ омадааст.
^ сарх. 10 Дар Китоби Муқаддас ба забони тоҷикӣ, ки аз тарафи Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас Стокгольм чоп гардидааст, ба саҳ. 152-и «Маънидоди баъзе калима ва ибораҳое, ки дар Библия мебинем», ба калимаи «Худованд» нигаред.